Октябр 26, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Иҷлосияи Ёдвораи Шуҳадои Ваҳдат дар Машҳад
    Иҷлосияи Ёдвораи Шуҳадои Ваҳдат дар Машҳад

Чаҳордаҳумин иҷлосияи миллии Ёдвораи Шуҳадои Ваҳдат дар Машҳад баргузор шуд.

Нерӯи заминии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳордаҳумин иҷлосияи миллии Ёдвораи Шуҳадои Ваҳдатро бо ҳузури сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли сипоҳ баргузор кард.

Ин маросим ба муносибати солрӯзи шаҳодати сардор Нуралии Шуштарӣ, ҷонишини вақти фармондеҳи Неруи заминии сипоҳ ва фармондеҳи қароргоҳи минтақаии Қудси ин неру ва ҳамроҳонаш, панҷшанбеи 4 обон аз соати ҳашти субҳ дар Муҷтамаи Ояҳои Машҳади муқаддас баргузор шуд.

Сардор Шуштарӣ, ҷонишини фармондеҳи Неруи заминии сипоҳ ва фармондеҳи қароргоҳи Қудси ин неру дар ҷануби шарқи кишвар, субҳи рӯзи якшанбеи 26 меҳри 1388, замоне ки дар тадоруки баргузории ҳамоиши Ваҳдати сарони тавоиф дар минтақаи Роски Систону Балучистон буд, бар асари инфиҷори интиҳории фарде ба номи Абдулвоҳид Муҳаммадзода, аз аъзои гурӯҳаки террористии мавсум ба «Ҷумбиши муқовимати миллии Эрон» ба ҳамроҳи сардор Раҷабалӣ Муҳаммадзода, фармондеҳи сипоҳи Салмони Систону Балучистон, бархе аз фармондеҳон, сарони тавоиф ва мустанадсозони гуруҳи телевизионии сипоҳ ба шаҳодат расид.