Октябр 27, 2023 21:29 Asia/Dushanbe
  • Сора Ҷавонмардӣ, бонуи тирандози эронӣ
    Сора Ҷавонмардӣ, бонуи тирандози эронӣ

Бонуи тирандози эронӣ бо раъйдиҳӣ дар деҳкадаи Бозиҳои параосиёии Ҳангжоу узви Кумитаи варзишгарони паралимпии Осиё интихоб шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, пас аз анҷоми овоздиҳӣ дар деҳкадаи варзишии Ҳангжоу бо эъломи натоиҷи интихоботи варзишгарон, Сора Ҷавонмардӣ узви Кумитаи варзишгарони паралимпии осиёӣ интихоб шуд.

Бар ин асос, Сора Ҷавонмардӣ аз Эрон ҳамроҳ бо намояндагон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷопон, Тайван ва Чин, панҷ узви аслии ин кумита ҳастанд ва ин панҷ нафар пас аз ҷаласа яке аз аъзои ин кумитаро раиси ин кумита интихоб мекунанд.

Раёсати иҷроияи Кумитаи паралимпии осиёӣ ба хотири эҳтироми баробарии ҷинсиятӣ ва ҳамчунин минтақаӣ эҳтимолан ду узви дигарро низ ба ҳайати ин кумита илова мекунад.

Аз 22 то 28 октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин чаҳорумин Бозиҳои ПараОсиёии соли 2022 дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп