Октябр 31, 2023 17:47 Asia/Dushanbe
  • Исроил мумкин аст ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар борикаи Ғазза мутавассил шавад
    Исроил мумкин аст ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар борикаи Ғазза мутавассил шавад

Намояндаи Эрон дар Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ нисбат ба истифодаи эҳтимолии режими Исроил аз силоҳҳои шимиёӣ зидди шаҳрвандони фаластинии сокин дар борикаи Ғазза ҳушдор дод.

Ҳодии Фараҷванд, намояндаи Эрон дар Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ дар номае хитоб ба Фернандо Ариас, мудири кулли созмон ва Лусиян Фато, раиси шӯрои иҷроии ин созмон навишт, режими Исроил, ки узви муоҳидоти силоҳҳои куштори ҷамъӣ, аз ҷумла Конвенсияи силоҳҳои шимиёӣ (CWC) нест, мумкин аст ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар борикаи Ғазза мутавассил шавад.

Дар номаи намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ ба мудири кул ва раиси шӯрои иҷроии ин созмон омадааст: “Режими Исроил, ки узви муоҳидоти силоҳҳои куштори ҷамъӣ, аз ҷумла Конвенсияи силоҳҳои шимиёӣ (CWC) нест, мумкин аст ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар борикаи Ғазза мутавассил шавад то рекорди ҷиноёти зишти худ дар куштори фаластиниёни бегуноҳро бишканад. Ин мавзӯи ҳушдордиҳанда аст”.

Фараҷванд тасреҳ кард, зарурӣ аст шӯрои иҷроӣ ва дабирхонаи фаннии Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ (OPCW) ба унвони як ниҳоди байналмилалӣ, ки кори вижаи аслии он ҷилавгирӣ аз истифода аз силоҳҳои шимиёӣ тавассути ҳар касе дар ҳар замон ва таҳти ҳар шароите аст, аз наздик бар вазъияти кунунӣ дар Фаластин, ба вижа ҳар гуна таҳдиди истифода аз маводи шимиёии саммӣ назорат дошта бошанд ва омодагии лозим барои иттихози иқдомоти лозим дар сурати ниёз вифқи конвенсия дошта бошанд.

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ таъкид кард, истифода аз маводи шимиёӣ на танҳо ноқизи конвенсия, балки таҳдиде ҷиддӣ барои ҷони инсонҳо, суботи минтақаӣ ва амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Бинобарин аз ҳамаи кишварҳои узв ва дабирхонаи фаннӣ дархост мешавад, ки ба Фаластин ба унвони кишваре масъулу мутааҳҳиди узви конвенсия дар баробари силоҳҳои шимиёӣ кумаку ҳифозат кунанд.

 

Барчасп