Ақибнишинии Туркманистон аз коршиканӣ дар робита ба судури газ ба Эрон
Раисҷумҳури Туркманистон тафоҳумномаи ҷадид дар бораи додани газ бо Эронро имзо кард.
Ба гузориши ИРНА, як мақоми Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон тафоҳумномаи ҷадид дар бораи судури газ бо Эронро имзо кард, бинобар ин содироти гази ин кишвар ба Эрон идома меёбад.
Дар пайи сафари ҳайати эронӣ ба Ашқобод барои ҳалли ихтилофоти пешомада бо Туркманистон дар робита ба судури газ туркманҳо ибтидо бар мавзеи қаблии худ ва коршиканӣ дар масири судури газ таъкид кардаанд. Ин бархӯрди тарафи Туркманистон сабаб шуд, ҳайати эронӣ музокиротро қатъ кунад ва озими Эрон шавад, ки дар фурудгоҳи Ашқобод бо дархости туркаманҳо ҳайати эронӣ ба мизи музокирот баргашт.
Зангана, вазири нафти Эрон бо ишора ба тавофуқи Эрону Туркманистон бар сари содирот гази ин кишвар ба Эрон гуфт, ихтилофоти газии ду кишвар дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ нахоҳад шуд ва бар асоси тавофуқи ҷадиди Теҳрону Ашқобод, ҳаҷми воридоти гази Эрон аз Туркманистон то чанд рӯзи оянда афзоиш меёбад.
Эрон рӯзона ҳудуди 12 миллион метри мукааб аз Туркманистон газ ворид мекунад. Ин дар ҳолест, ки Эрон яке аз бузургтарин дорандагони манобеи газӣ дар ҷаҳон буда, рӯзона ҳудуди 700 миллион метри мукааб газ тавлиду масраф мекунад ва гази воридотӣ аз Туркманистон дар муқоиса бо тавлиди ин кишвар бисёр ночиз аст. Бо ин ҳол, аз он ҷо ки бештари гази Эрон дар ҷануб ва бахше ҳам дар манотиқи марказӣ тавлид мешавад, дар фасли зимистон бинобар боло рафтани мизони масрафи сӯзишворӣ гази камтаре ба устонҳои шимолии ин кишвар мерасад, аз ин рӯ, Эрон солҳост, барои таъмин гази устонҳои шимолии худ дар фасли сармо аз Туркманистон газ ворид мекунад. Солҳои гузашта Туркманистон борҳо дар фасли зимистон бо баҳонаҳои мухталифе, чун афзоиши қимат содироти гази худро ба рӯйи Эрон қатъ мекард, ки ин мушкилотеро барои ин кишвар ба вуҷуд меовард.