Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Британия бо меҳварияти таҳаввулоти Ғазза
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон ва Ҷемс Клорли-вазири умури хориҷаи Британия дар як гуфтугӯи телефонӣ дар хусуси таҳаввулоти Ғазза ва бархе мавзӯъоти дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба давлати Британия тавсия кард, таҳаввулоти минтақаро бо рӯйкарди воқеъбинона бингарад.
Амирабдуллоҳиён бо баёни инки аз манзари ҳуқуқи байналамиллал, мардумони кишвари таҳти ишғол аз ҳаққи дифоъи машрӯъ бархурдоранд, афзуд: Дар ҳар гуна рӯйкарде бояд донист, ки решаи буҳрони Фаластин ба ишғолгарии режими Исроил боз мегардад.
Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Ҳамчунин дар чорчуби усули ҳуқуқи байналмиллал дар ҳар ҷанге мебоист ба асли таносуб низ таваҷҷуҳ шавад. Дар ин росто қатли оми беш аз 9000 фаластинии ғайринизомӣ, дар як амали интиқомҷӯӣ ва наслкушии ошкоро эъломшуда тавассути режими саҳюнистӣ бо ҳеҷ меъёре қобили қабул нест.
Вай дар посух ба изҳороти ҳимояти вазири хориҷа Биритания аз режими Исроил афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора мубориза бо падидаи ишғолгариро бар мабнои усули шинохташуда ва қавонини байналамиллалӣ, як ҳақ медонад.
Амирабдуллоҳиён таъкид кард: Бояд наслкушии режим Исроил дар Ғазза фавран мутаваққиф шавад ва кумакҳои инсондӯстона ба сурати густурда вориди Ғазза шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳимояти густурдаи давлат Амрико аз Тел-Авивро, омили афзоиши шиддати ҷанг дар ин минтақа донист ва дар посух тасреҳ кард: Неруҳои муқовимат дар минтақа аз Эрон дастур намегиранд, балки онҳо бар асоси мулоҳизот ва шароит ва низ дар ростои амнияти миллии кишваршон ва амнияти минтақа тасмимгирӣ мекунанд.
Чемс Клорли-вазири умури хориҷаи Британия дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ишора ба мавозеъи кишвараш дар хусуси таҳаввулоти Фаластин ва тасреҳ бар деринагии равобит миёни Лондон ва Теҳрон, хостори талоши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҷилавгирӣ аз густариши доманаи ҷанг дар минтақа шуд.
Чемс Клорли раванди ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчуби конвенсиюнҳои дипломатӣ дорои аҳамият хонд.