Раисӣ ба Тоҷикистон меравад
Сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 16 обон барои дидори расмӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, ки сафари Иброҳим Раисӣ санаҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.
Дар назар аст, ки президенти Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохӯрдад.
Ҳамчунин, онҳо дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Ин дуввумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.
Ӯ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омад ва аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.