Ноябр 04, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Персполисиҳо фардо роҳии Тоҷикистон мешаванд

Тими Персполиси Теҳрон субҳи фардо (якшанбе), барои бозии рӯзи чаҳоруми марҳалаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё, роҳии Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори тимҳои Персполиси Эрон ва Истиқлоли Тоҷикистон тибқи барномаи Конфедерасиюни футболи Осиё, рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Тими футболи Персполис дар бозии рафт баробари тими Истиқлоли Тоҷикистон бо 2 гол ба бартарӣ расид. Ва дар аввалин бозии баргашт ҳам бояд ба масофи ин тими тоҷикӣ биравад.

 

Барчасп