Баргузории нахустин рӯзи нишасти Комиссиюни муштараки иқтисодии Эрон – Афғонистон
Нахустин рӯзи ҷаласаи Комиссиюни муштараки иқтисодӣ ва тиҷории Эрон – Афғонистон, асри шанбе бо ҳузури мақомоти баландпояи иқтисодии ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА,дар ин нишаст афзӯн бар вазири ҷиҳоди кишоварзӣ,Ҳасани Козимии Қумӣ-намояндаи вежа Эрон дар умури Афғонистон низ ҳузур дошт.
Эҷоди коргруҳҳои муштарак дар ҳавзаҳои тиҷорат, транзит, ҳамлу нақл, гумрук, муҳити зист ва ҳамчунин ташкили чанд коргруҳи дигар ба манзури баррасии мушкилот, мавонеъ ва чолишҳои мавҷуд дар масири тавсеаи равобити тиҷории миёни ду кишвар аз барномаҳои дар дастури ин нишаст унвон шуд.
Пас аз баррасии ташкили коргруҳҳои муштарак дар ҳавзаҳои ёдшуда, дар рӯзи поёнии ин нишаст дар бораи таҳия ва тадвини ёддошти тафоҳумҳои ҳамкорӣ ва имзои он аз сӯи вазирон ва мақомҳои ду кишвар иқдом хоҳад шуд.