Бӯмисозии 219 қитъа санъати рейлӣ тавассути ширкатҳои донишбунёни эронӣ
(last modified Wed, 14 May 2025 07:12:55 GMT )
Май 14, 2025 12:12 Asia/Dushanbe
  • Бӯмисозии 219 қитъа санъати рейлӣ тавассути ширкатҳои донишбунёни эронӣ
    Бӯмисозии 219 қитъа санъати рейлӣ тавассути ширкатҳои донишбунёни эронӣ

Порс-Тудей. Ширкати Баҳрабардории метрои Теҳрон ва ҳума аз бӯмисозии 219 қитъа ва ҳамкории густарда бо ширкатҳои донишбунёну марокизи донишгоҳӣ дар ростои худкифоӣ дар ин санъат хабар дод.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз “Меҳр”, ҳуҷҷатуллоҳ Қоиди Раҳматӣ, муовини муҳандисии ширкати Баҳрабардории метрои Теҳрон ва ҳума бӯмисозии ҳамлунақли рейлиро гоме роҳбурдӣ ба сӯи худкифоӣ ва тавсеаи пойдор тавсиф карду гуфт: Санъати ҳамлунақли рейлӣ, ба вижа метро, ба унвони яке аз шараёнҳои ҳаётии Теҳрон, беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди бӯмисозии қатаоту таҷҳизот аст.

Раҳматӣ бо ишора ба ин ки имкони сохти 198 қитъаи дигар низ дар дохили Эрон вуҷуд дорад, афзуд: Ширкати Баҳрабардории метрои Теҳрон ва ҳума бо такя бар тавони мутахассисони дохиливу ҳамкории наздик бо ширкатҳои дониши бунён, то кунун гомҳои муассире дар масири бӯмисозии қатаот бардошта аст.

Муовини муҳандисии ширкати Баҳрабардории метрои Теҳрон ва ҳума бо таъкид бар нақши калидии ширкатҳои донишбунён, донишгоҳҳову марокизи таҳқиқотӣ дар тавсеаи санъати метро изҳор дошт: Фишорҳои хориҷӣ ва маҳдудиятҳои байналмилалӣ ба ҷои он ки монеъе барои рушди санъати ҳамлунақли рейлӣ бошанд, чолишҳоро ба фурсат табдил кардаву метрои Теҳрон ба унвони бузургтарин шабакаи ҳамлунақли рейлии даруншаҳрии кишвар, бо истимрор дар масири бӯмисозӣ ва иттико ба зарфиятҳои дохилӣ, истиқлоли санъатиро барои кишвар ба ҳамроҳ хоҳад дошт.