Дархости Кумитаи миллии олимпии Эрон барои таълиқи Кумитаи олимпии Исроил
Руасо ва дабирони кулли собиқи Кумитаи миллии олимпии Эрон бо ирсоли номае ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ, таълиқи ба расмият шинохтани Кумитаи олимпии Исроилро хостор шуданд.
Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи якшанбе эълом кард, тайи 24 соати гузашта, артиши режими саҳюнистӣ 243 фаластиниро ба шаҳодат расонд ва бад-ин тартиб шумори шуҳадои Фаластин аз ҳафтуми октябр токунун ба 9 ҳазору 770 нафар расидааст, ки аз ин теъдод чаҳор ҳазору 800 нафар кӯдак ҳастанд..
Руасо ва дабирони кулли собиқи Кумитаи миллии олимпии Эрон бо ирсоли номае ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) бо ишора ба маншури ин кумита ва мавзӯи тарвиҷи сулҳ дар ҷаҳон ба унвони яке аз аҳдофи Ҷумбиши олимпӣ, аз кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост карданд, ки фоҷеъаи инсонӣ дар Ғаззаро маҳкӯм кунад.
Онҳо ҳамчунин иқдомоти фаврӣ ва заруриро барои таваққуфи ҳамалоту куштори кӯдакон, занону варзишкорон ва ба таври куллӣ ҳамаи ғайринизомиёни фаластинӣ хостор шуданд.
Руасоу дабирони кулли собиқи кумитаи миллии олимпии Эрон мутобиқи маводи 2, 4 ва 5 Маншури олимпӣ хостори он низ шуданд, ки IOC мавзӯи «ба расмият шинохтани Кумитаи миллии олимпии Исроил» дар ин ниҳоди байналмилалиро ба ҳолати таълиқ дарбиоварад.