Раисӣ дар дидор бо Башор Асад қудрати муқовимат таъйинкунандаи ниҳоӣ аст
(last modified Sun, 12 Nov 2023 04:52:09 GMT )
Ноябр 12, 2023 09:52 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар дидор бо Башор Асад қудрати муқовимат таъйинкунандаи ниҳоӣ аст
    Раисӣ дар дидор бо Башор Асад қудрати муқовимат таъйинкунандаи ниҳоӣ аст

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сурия дидор ва таъкид карданд: Қудрати муқовимати таъйинкунандаи ниҳоӣ аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ ва Башор Асад раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сурияи зимни ройзанӣ ва ҳамоҳангиҳои лозим дар бораи охирин вазъият таҳаввулот майдонӣ дар Ғазза тавофуқ доштанд ки танҳо омили таъйинкунандаи вазъияти ниҳоӣ қудрат муқовиматаст, ки муқтадирона ба дифои худ идома медиҳад.

Раисӣ рузи шанбе дар ҳошияи нишасти муштараки созмони ҳамкории исломӣ ва иттиҳодияи араб дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Сурия зимни мурури охирин таҳаввулоти Фаластин бар зарурати иттихози тасмими амалиётӣ ва иҷроӣ дар ин иҷлос дар бораи Ғазза таъкид кард ва қатъи фаврии бомбаборони манотиқи маскуни рафъи муҳосираи Ғазза ва тавсеаи имдодрасонӣ ба мардуми ин минтақаро се хостаи аслӣ дар бораи Ғазза донист, ки нишасти  Риёз бояд битавонад онро муҳаққақ кунад.

Ду тараф ҳамчунин зимни ройзанӣ ва ҳамоҳангиҳои лозим дар бора охирин вазъият таҳаввулот майдонӣ дар Ғазза тавофуқ доштанд ки танҳо омили таъйинкунандаи вазъияти ниҳоӣ қудрат муқовиматаст, ки муқтадирона ба дифои худ идома медиҳад.

Раиси Ҷумҳурии Эрони ҳамчунин имдодрасонӣ ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми мазлуми Ғаззаро аз ҷумлаи масоили мавриди таъкиди тарафайн дар ин дидори баршумурд.

Башор Асад раиси Ҷумҳурии Сурия низ дар ин дидор зимни тақдир аз суханронии равшангарона ва ҳимоятгаронаи Раисӣ дар бораи Ғаза дар ин иҷлос бар зарурияти тақвияти сареъи ҳамалот ва оғози раванди имдодрасони ба Ғаза таъкид кард.