Раисӣ дар дидор бо Алсисӣ: Монеъи барои густариши равобит бо Миср надорем
(last modified Sun, 12 Nov 2023 07:26:14 GMT )
Ноябр 12, 2023 12:26 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар дидор бо Алсисӣ: Монеъи барои густариши равобит бо Миср надорем
    Раисӣ дар дидор бо Алсисӣ: Монеъи барои густариши равобит бо Миср надорем

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Миср дар ҳошияи нишасти муштараки созмони ҳамкории исломӣ ва иттиҳодияи араб дар Риёз таъкид кард: Монеъи барои густариши равобит бо кишвари дусти Миср надорем.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи шанбе дар ҳошияи нишасти муштараки созмони ҳамкории исломӣ ва иттиҳодияи араб дар Риёзи Арабистон дар дидори Абдулфаттоҳи Алсисӣ раиси Ҷумҳурии Миср бо таъкид бар зарурати иттиҳоди кишварҳои исломӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрони монеъи барои густариши равобит бо кишвари дусти Миср надорад.

Раиси ҷумҳур бо баёни ин ки интизори умумӣ ин аст ки гузаргоҳи Рафаҳ гушуда шавад то мусоидатҳои ҷаҳонӣ ба самти ғазза сарозер шавад афзуд: Бар ҳамагон ошкораст ки ин Амрико ва режими саҳюнистӣ монеъи гушуда шудани гузаргоҳи рафаҳ барои имдодрасонӣ ба мардуми мазлум ва бедифо Ғазза ҳастанд, аммо бояд бар ин монеътарошиҳо ғалаба кард.

Ба гузориши ИРНА, раиси ҷумҳури баргузарии нишасти сулҳ дар Қоҳираро ибтикории мусбат тавсиф кард, ки кишварҳои ғарбӣ монеъи ба натиҷа расидани он шуданд ва афзуд: Нишасти сулҳ Қоҳира метавонист нуқтаи атфӣ дар поён додан ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар қатли оми занон ва кудакон бедифо ва бегуноҳи Ғазза бошад аммо кишварҳои ғарбӣ ҳомии режими саҳюнистӣ ҳамонгуна ки иҷоза надоданд шурои амнияти Созмони Милал ва дигари созмонҳои байналмилали иқдоми муассири дар таваққуфи ин ҷиноёт анҷом диҳанд монеъи самарбахшии ин нишаст низ шуданд.

Абдулфаттоҳи Алсисӣ раиси Ҷумҳурии Миср низ дар ин дидор бо баёни ин ки иродаи сиёсии қатъи барои эҷоди равобити воқеӣ бо Эрон аст гуфт: Барои ин амри вазирони марбутаро маъмур кардаем то пайгири равобити амиқи байни ду кишвар бошанд.