Эрон - тавлидкунандаи арзонтарин фӯлоди дунё
Узви ҳайати намояндагони Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароити феълӣ арзонтарин фӯлодро дар дунё пешниҳод мекунад.
Ба гузориши ИРНА, Сайид Баҳодури Эҳромиён афзуд, дар ин замина Эрон тавлидоти худро ҳатто аз Чин ҳам арзонтар ба бозор баровадааст. Ба гуфтаи ӯ, Эрон акнун барзиёдистеҳсокулнанда ва содиркунандаи маҳсулоти фӯлодӣ аст.
Бар асоси эъломи Созмони тавсеа, навсозии маъдан ва саноати маъдании Эрон, соли гузашта беш аз чаҳор миллион тонна фӯлоди хом аз сӯйи Эрон ба бозорҳои содиротӣ бароварда шудааст. Пешбинӣ мешавад, имсол мизони содироти фӯлоди Эрон ба беш аз 6 миллион тонна бирасад. Ҷумҳурии исломӣ чаҳордаҳумин кишвари фӯлодсози ҷаҳон аст ва пешбинӣ шудааст, то поёни соли шамсии 95 беш аз 18 миллион тонна фӯлоди хом дар ин кишвар тавлид мешавад.