Маҳбубияти Трамп ба пасттарин сатҳ расид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125380-Маҳбубияти_Трамп_ба_пасттарин_сатҳ_расид
Порс Тудей - Бар асоси назарсанҷии ҷадиди Экономист / Югов, мизони маҳбубияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба пасттарин ҳад расидааст, ба тавре ки аз ҳар се амрикоӣ, фақат як нафар амалкарди ӯро таъйид мекунад.
(last modified 2026-08-12T05:34:50+00:00 )
Август 12, 2026 10:31 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
    Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико

Порс Тудей - Бар асоси назарсанҷии ҷадиди Экономист / Югов, мизони маҳбубияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба пасттарин ҳад расидааст, ба тавре ки аз ҳар се амрикоӣ, фақат як нафар амалкарди ӯро таъйид мекунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, ин назарсанҷӣ, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, ки танҳо 33 дарсад аз амрикоиҳо амалкарди Трампро таъйид мекунанд, ки нисбат ба ҳафтаи қабл се дарсад коҳиш ёфтааст. Ин пасттарин мизони таъйиди Трамп аз замони бозгашт ба қудрат дар соли 2025 дар назарсанҷиҳои Югов аст.

Дар канори афтодагии мустамири маҳбубияти Трамп дар назарсанҷиҳо, аксарияти амрикоиҳо (60 дарсад) раисиҷумҳури Амрикоро «содиқ ва қобили эътимод» намедонанд. Табқи ҷадидтарин назарсанҷӣ, 65 дарсад аз ширкаткунандагон эълон карданд, ки Амрико дар масири иштибоҳе пеш меравад, ки 2 дарсад бештар аз назарсанҷии анҷомшуда дар охири июл аст.

Охирин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дод, ки сини Трамп ҳамчунон барои мардуми Амрико нигаронкунанда аст, ба тавре ки 53 дарсад эълон карданд, ки аз назари онҳо Трампи 80-сола барои ҳузур дар Кохи Сафед хеле пир аст.

Назарсанҷии Экономист / Югов аз 7 то 10-уми август дар миёни 1589 калонсоли амрикоӣ анҷом шуд.