Ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Яман ба нимнизомиёни вабаста ба Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125364-Ҳамлаҳои_мушакӣ_ва_паҳподии_Яман_ба_нимнизомиёни_вабаста_ба_Арабистон
Порс Тудей - Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба нимнизомиёни вабаста ба Арабистон хабар доданд.
(last modified 2026-08-11T05:43:33+00:00 )
Август 11, 2026 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи нерӯҳои яманӣ ба нимнизомиёни вабаста ба Арабистон
    Ҳамлаи нерӯҳои яманӣ ба нимнизомиёни вабаста ба Арабистон

Порс Тудей - Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба нимнизомиёни вабаста ба Арабистон хабар доданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, бомдоди сешанбе нерӯҳои яманӣ шаҳр ва бандаргоҳи Ал-Мухо дар устони Таъзро бо мушак ва паҳпод ҳадаф қарор додаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамзамон садои ду инфиҷори шадид дар бандаргоҳи Ал-Мухо шунида шудааст.

Шабакаи Ал-Арабия ҳамчунин ба нақл аз манбаъҳои низомӣ эълон кард, ки мавозеи мухолифони давлати Яман дар шаҳри Маъриб низ бо чанд мушаки баллистик ва паҳпод ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ҳанӯз аз хисоратҳо ва талафоти ин ҳамлаҳо иттилооте мунташир нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизом Ал-Асад, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ эълон кард: Арабистон аз амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар Санъо ба далели диққати онҳо дар ҳадаф қарор додани муздурони мавриди ҳимояти Риёз ғофилгир шудааст.

Вай афзуд: Ин кишвар гузинае ҷуз пазириши хост ва иродаи мардуми Яман надорад. Мардуми ин кишвар имрӯзҳо беш аз ҳар замони дигаре барои рафъи муҳосираи Яман бо якдигар муттаҳид ҳастанд.