Канъонӣ : Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба бемористони Шафои мисдоқи айнии ҷиноят ҷангӣ аст
(last modified Thu, 16 Nov 2023 06:02:55 GMT )
Ноябр 16, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ : Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба бемористони Шафои мисдоқи айнии ҷиноят ҷангӣ аст
    Канъонӣ : Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба бемористони Шафои мисдоқи айнии ҷиноят ҷангӣ аст

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон, ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист ба бемористони Шафоро мисдоқи айнии ҷиноят ҷангӣ донист, ки бояд мавриди пайгарди кайфарии байналмиллалӣ қарор гирад.

Танкҳо ва худруҳои низомии режими саҳюнистии имрӯз ( чаҳоршанбе ) дар таҷовузи ошкор ба муҷтамаъи пизишкии Алшифои Ғазза юриш бурда ва дар муҳавватаи ин бемористон иқдом ба тирандозиҳои густарда карданд.

Даҳҳо низомии саҳюнист бо таҷҳизоти ҷанги вориди бахши уржонси бемористони алшафо шуда ва  иқдом ба шикастани дарҳои утоқи беморон ва маҷрӯҳон карданд.

Низомиёни ишғолгар ҳамчунин ба бахши ғарбии бемористони Алшафо ҳамлавар шуда ва дарҳо ва деворҳои ин қисмат аз ин муҷтамаъи дармониро мунфаҷир карданд. Ба гузориши Ирно, Носири Канъонӣ сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар фазои маҷозӣ навишт, артиши режими саҳюнистӣ дар натиҷаи шикасти 7 октябр, чунон зарбаеро мутаҳаммил шуда, ки саъй дорад бо ривоятсозиҳои дуруғин барои худ дастовард биёфаринад.

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрони афзуд, иддаоҳои сохтагӣ ва  саҳнасозиҳои дуруғин аз фаъолияти марокизи муқовимат дар бемористонҳо ва  марокизи дармонӣ, танҳо як пӯшиш ва  баҳона барои тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва  куштори кӯдакон ва  занон бепаноҳ аст.