Декабр 31, 2016 18:31 Asia/Dushanbe
  • Содироти 4 баробарии Эрон ба Тоҷикистон дар баробари воридот

Тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон, яке аз бузургтарин қарордодҳои байни ду кишвар дар марҳалаи ниҳоӣ шудан аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Асадобод бо ишора ба ин ки содироти Эрон ба Тоҷикистон 44 баробари воридот аз ин кишвар аст, гуфт, 90 дарсади содироти Эрон ба ин кишвар ғайринафтӣ аст.

Ҳуҷҷатулоҳи Фағонӣ масолеҳи сохтумонӣ, фарш ва саноати дастӣ, маводи ғизоӣ ва доруро аз муҳиммтарин ақломи содиротии Эрон ба Тоҷикистон баршумурд ва афзуд, Тоҷикистон яке аз бозорҳои хуби судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисии Эрон аст ва муҳандисони эронӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, Эрон дар ҳавзаҳои зербиноӣ ва сохти тунел, нерӯгоҳ ва бемористон дар Тоҷикистон корҳои бузурге анҷом додааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба ин ки сатҳи муносиботи иқтисодии Эрон бо Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба иллати мушкилоти иқтисодии ин кишвар коҳиш ёфта буд афзуд, имсол ёздаҳумин комиссияи муштарак ҳамкориҳои иқтисодии Эрон бо Тоҷикистон барои тақвияти равобити иқтисодӣ баргузор ва тафоҳумномаҳои хубе имзо шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре аст, ки дар Тоҷикистон сафорат эҷод карда ва равобити ин 2 кишвар дар 25 соли гузашта ҳамеша мусбат будааст.