Ройзании вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар дар мавриди таҳавулоти Ғазза
Вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қатар дар хусуси охирин ибтикороти сиёсӣ пайромуни тавақуфи ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ зидди Ғазза табодули назар карданд.
Режими саҳюнистӣ барои талофи ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти гуруҳҳои муқовимат ҳамчунон дар ҳоли бомбаборони манотиқи маскунӣ, бемористонҳо ва мадорис Ғазза аст ва гузаргоҳҳои ин минтақаро низ бастааст.
Ба гузориши ИРНА, дар тамоси телофонии имруз душанбе Ҳусеқйн Амирабдуллоҳиён ва шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон оли Сонӣ вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар бо масъул хондани режими саҳюнистӣ дар вазъияти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, хостори иқдомоти фаврии ҷомеъаи байналмиаллӣ барои маҷбур сохтани режими саҳюнисит дар ҷиҳати тавақуфи нақзи ошкори қавонини байналмиллалӣ шуданд.
Ҳар ду тараф лузуми мусоъидати кишварҳои исломӣ ва арабӣ барои имдодрасонии фаври ба мардуми бедифоъи Фаластинро хотирнишон карданд.