Вазнабардории ҷавонони ҷаҳон; ду нишони тилло бар гардани намояндаи Эрон
(last modified Wed, 22 Nov 2023 16:28:09 GMT )
Ноябр 22, 2023 21:28 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон
    Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон

Вазнабардори дастаи 96 килограми Эрон дар мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон ба рӯи тахта рафту муваффақ ба касби тиллои дузарб ва маҷмӯи бронзи якзарб шуд.

Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон бо аввалин нишони тилло барои тими Эрон пайгирӣ шуд.

Дар идомаи ин рақобатҳо дар Мексика Алиризо Насирӣ дар гуруҳи A –и дастаи 96 килограм ба рӯи тахта рафту муваффақ ба касби тиллои дузарбу маҷмуъ ва бронзи якзарб шуд.

Насирӣ дар ин мусобиқот рекорди 166 дар якзарби 205 дар дузарб ва маҷмуи 371 килограмро ба номи худ сабт кард ва қаҳрамони ҷавонони ҷаҳон шуд.

Дар идомаи ин рақобатҳо барои Эрон Абулфазли Зореъ дар дастаи 102 килограм ва Ориё Пойдору Куруши Зореъ дар дастаи ба изофаи 102 килограм ба рӯи тахта мераванд.