Тафсир/ Дидгоҳи раҳбарӣ; Бохти саҳюнистҳо бо ҷиноят ҷуброн нахоҳад шуд
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори медаловарони бозиҳои осиёӣ ва параосиёии Ҳонгжоу ва ҷамъи дигаре аз фаъолони арсаҳои варзишӣ, рафторҳои эҳтиромбарангези онон дар майдонҳои варзиширо таҷаллидиҳандаи чеҳраи барҷастаи миллати Эрон хонданд ва дар ишора ба таҳаввулоти Ғазза гуфтанд, режими саҳюнистӣ бо ҳама ҷиноёташ натавонист ин шикасти сангинро ҷуброн кунад ва дар оянда ҳам нахоҳад тавонист.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахше аз баёноташон дар ин дидор, ки имрӯз (чаҳоршанбе) анҷом шуд, ба баёни навъе ҷамъбандӣ аз ҳаводиси ахири Ғазза дар қолаби як таъбири варзишӣ пардохтанд ва гуфтанд: Режими саҳюнистӣ дар ҳодисаи “Тӯфони Ал Ақсо” зарбаи фаннӣ шуд ва Ҳамос на ба унвони як давлату кишвар бо имконоти зиёд, балки ба унвони як гуруҳи мубориз тавонист режими ғосиби саҳюнистро бо он ҳамаи имконот зарбаи фаннӣ кунад. Эшон бо таъкид бар инки бохти сангини режими саҳюнистӣ бо ин ҷиноёт ҷуброн нахоҳад шуд, гуфтанд: Бидонанд, ки ин зулм ва бераҳмиҳо бепосух нахоҳад монаду бомбаборонҳо умри режими ғосибро кӯтоҳтар хоҳад кард.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ пеш аз ин низ шикасти режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро як воқеият хонда ва таъкид карда буданд, ки режими саҳюнистӣ токунӯн натавониста дар ҷанги Ғазза пирӯз шавад ва дар оянда ҳам нахоҳад тавонист. Акнӯн низ мушаххас шудааст, ки муқовимати мардуми Фаластин пас аз 47 рӯз натиҷа доду режими саҳюнистӣ пас аз ҷиноёт фаровон имрӯз (чаҳоршанбе) бо барқарории оташбас дар Ғазза ва шурӯти Ҳамос мувофиқат кард. Ин оташбаси муваққат дар ҳоле сӯрат гирифт, ки Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ то пеш аз ин, аз пазириши ҳар гуна тавофуқ худдорӣ мекарду режими саҳюнистӣ муддаӣ буд, ки қодир ба тасарруфи Навори Ғазза дар як муддати кӯтоҳ аст; ишғолгарони Қудс ҳамчунин иддао мекарданд дар як фароянди замонии 10 рӯза Ҳамосу Ҷиҳоди исломиро нобуд хоҳанд кард. Бар асоси тавофуқи оташбас, даргириҳо аз сӯи ду тараф, фаъолиятҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ дар ҳамаи манотиқи Ғазза ва низ ҷоба ҷоии худравҳои зиреҳии ин режим дар ин минтақа мутаваққиф хоҳад шуд; ҳамчунин 50 асири саҳюнист дар муқобили 150 зану кӯдаки зери 19 солаи фаластинӣ бар асоси савобиқи асорат озод хоҳанд шуд.
Мафоди ин тавофуқ нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ дар ин оташбас дастоварде надошта, чаро ки бидуни озодии ҳамаи усарои саҳюнист маҷбур ба пазириши шурӯти муқовимат ва ҳамчунин таваққуфи ҳамалоти низомӣ шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ то ҳамин марҳала аз ҷанг низ мутаҳаммили хисороти сангини низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ шудааст. Натаняҳу дар ҷабҳаи дохилӣ, ҳам муттаҳами аввали шикаст дар муқобили амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” аст ва ҳам дар тасхири Ғазза ва нобудии Ҳамос нотавон будааст. Афзоиши талафоти саҳюнистҳо низ шароитро барои идомаи ҷанги онҳо дар Ғазза сахт кардааст ба унвони мисол фақат дар даргириҳои 48 соати ахир , 30 низомӣ ва афсару фармондеҳи саҳюнист шуданд.
Музоф бар ин, фишори афкори умумии ҷаҳон барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо ва ҳамчунин ҳимоят аз фаластиниён дар ҳоли афзоиш аст ба гӯнае, ки ҳатто дар кишварҳои муттаҳиди ин режим, аз ҷумла Амрико ва Англия низ ҳимоятҳои мардумӣ аз муқовимати Фаластин, ҳаррӯз бештар мешавад. Аз сӯи дигар, вазъияти иқтисодии режими саҳюнистӣ низ дар бадтарин шароити таърихии худ басар мебарад. Санъати гардишгарии ин режим ба куллӣ нобуд шуда ва муҳоҷирати маъкӯси саҳюнистҳо низ бисёре аз машоғилро таътил кардааст.
Бинобар ин, режими саҳюнистӣ на фақат ба аҳдофи худ дар ҷанги Ғазза даст наёфта ва мутаҳаммили хисороти сангин дар ҳамаи заминаҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ шудааст, балки акнӯн бо пазириши шурӯти муқовимати Фаластин, ба шикастагии дигар дар ин ҷанг изъон кардааст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ низ дар дидори имрӯзи варзишкорон, бо ишора ба нотавонии саҳюнистҳо барои хориҷ шудан аз зери бори фишору нанги ин шикасти муфтазиҳона, афзуданд: Онҳо барои ҷуброн дар бемористонҳо ва мадориси Ғазза қудратнамоӣ мекунанд, аммо ин кор мушобеҳи кор варзишкоре аст, ки дар майдон шикаст хӯрда, аммо барои талофӣ бо ҳамла ба тарафдорони тими муқобил, ба онҳо фаҳҳошӣ ва кутаккорӣ мекунад.