Ардуғон : Қудс , шарофату каромати ҳама башарият аст
Порстудей - Раҷаб Тайиб Ардуғон , раиси ҷумҳӯри Туркия эълом кард, ки Туркия ҳозир нест ҳатто як сангреза аз Қудсро ба Исроил вогузор кунад.
Раҷаб Тайиб Ардуғон , раиси ҷумҳӯри Туркия таъкид кард : Ба назар мерасад ки Натанёҳу ҳадду марзи худро дар бораи Қудси шариф , қиблаи аввали мусулмонон намешиносад ва дар пайи санҷидану маҳак задани вокунишҳо аст , аммо мо комилан медонем, ки инҳо ба дунболи чи коре ҳастанд . Анқара ҳамчунон ба дифоъ аз ҳуқуқи мусулмонону ҳамаи адён идома хоҳад дод , ҳатто агар ишғолгарон мухолифи ин иқдом бошанд . Ардуғон хитоб ба саҳюнистҳои кӯдаккуш афзуд : Ҷинояткороне ки дасташон ба хуни 65 ҳазор мазлум дар Ғазза олудааст , бояд бидонанд, ки Қудс , шараф , каромат ва иззати мусулмонону ҳама башарият аст ва дифоъ аз он , дифоъ аз сулҳу арзишҳои муштараки инсонӣ аст.