Имруз солрузи ташкили басиҷ дар Эрони исломӣ
Имруз якшанбе 26 ноябри 2023 солрузи ташкили басиҷи мустазъафон ба фармони ҳазрати имоми Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Пас аз пирузии инқилоби исломӣ ва қатъи дасти истикбори ҷаҳонӣ аз манофеи Эрон тавтеҳо ва фитнаҳои душманони зиди Эрон руз ба руз густариш ёфт. Дар чунин шароитии ҳазрати имоми Хумайнӣ(р) дар 26 ноябри 1979 фармони ташкили созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд.
Ҷавонони Эрон ба маҳзи дарёфт фармони ҳазрати имоми Хумайнӣ(р) ба шакли худҷуш ба ҷабҳаҳои ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон шитофтанд ва дар тули ҳашт соли дифои муқаддас бо тақдими ҷони худ инқилоби исломии навпоро зинда нигоҳ доштанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ басиҷро мазҳари азимати миллати Эрон ва неруи коромади дарунии кишвар донистаанд ва таъкид кардаанд: Басиҷ барои дустони инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон мояи умед ва эътимод ва барои бадхоҳон ва душманон ва кӣнаварзони низоми исломӣ мояи бим ва ҳарос аст.
Басиҷён тайи чаҳор даҳаи ахир нафақат дар арсаҳои мухталифи дифоӣ ва низомӣ аз низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кардаанд балки дар заминаи илму фанноварӣ низ ҳамвора пешрафтҳои чашмгирӣ ба армағон овардаанд.
Муваффақияти тафаккури басиҷи дар Эрон ба унвони маркази сиқли ҳаракати инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ ба улгуи барои дигар миллатҳои минтақа низ табдил шудааст.
Ташкили неруҳои мардумӣ дар Сурия ва Ироқ ва саҳим будан дар касби муваффақиятҳои сарнавиштсози артишҳои ин ду кишвар дар мубориза бо тероризм баргирифта аз тафаккур басиҷи аст.
Имруз дар саросари Эрони исломӣ гурдонҳои мухталифи басиҷ аз ҳамаи ақшори мардум бо баргузарии маросимҳои бори дигар омодагии худро барои дифои ҳамаи ҷониба аз Эрони исломӣ ва идомаи масири пешрафти Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом ва бо ормонҳои инқилоби исломӣ таҷдид мисоқ мекунанд.