Ноябр 26, 2023 14:09 Asia/Dushanbe
  • Оғози понздаҳумини ҳамоиши байналмилалии бозори сармояи исломӣ дар Теҳрон
    Оғози понздаҳумини ҳамоиши байналмилалии бозори сармояи исломӣ дар Теҳрон

Понздаҳумини ҳамоиши байналмилалии бозори сармояи исломӣ "ICM" дар Теҳрони оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо понздаҳумин ҳамоиши байналмилалии бозори сармояи исломӣ "ICM" субҳи имруз якшанбе бо ҳузури Маҷиди Мшқӣ раиси созмони бурс ва авроқи баҳодори Эрон мудирони аршади бозори сармоя ва 42 ширкаткунанда аз кишварҳои Рӯсия, Кувайт, Индонезия, Сурия, Ироқ, Покистон, Молдова, Малйзия, Туркия, Ҳинд ва беш аз 200 нафар аз ширкаткунандагон эронӣ дар Теҳрони оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш ба ҳиммати созмони бурс ва авроқи баҳодор бо ҳамкории анҷумани молии исломии Эрон ва бо ҳадафи баҳсу баррасӣ ва табодули назари ҳавли идаҳои ҷадиди байни хубрагон ва зинафъон баргузор мешавад.

Дар понздаҳумини ҳамоиши байналмилалии бозори сармояи исломӣ "ICM" чорчуби баҳинаи ҳокимияти шаръӣ дар ниҳодҳои молии исломӣ тарроҳии авроқи молии исломии ҷиҳати ҳимоят аз тавофуқҳои пӯлии дуҷониба ва чанд ҷониба, интишори авроқи масъӯлияти иҷтимои ҷиҳати тақвияти суботи иқтисод дар уммат, шафофият ва илзомоти ифшо дар абзорҳои молии исломӣ, тарроҳии абзорҳои кӯтоҳмуддат барои тамини молии бунгоҳҳои иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

Ин ҳамоиши ду рӯза ба сӯрати солона бо мушорикати сиёсатгузорон, иқтисоддонон, пажӯҳишгарон ва фаъолони бахши хусуси бо меҳварияти мавзӯъоти рузи молии исломӣ баргузор мешавад.

Барчасп