Раисӣ : Талоши давлати Эрон баргузории интихоботи пуршӯр, рақобатӣ, солим ва амн аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дар пеш бӯдани интихоботи Маҷлиси Шурои исломӣ ва Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ тасреҳ кард : Давлат ба дунболи баргузарии интихоботи пуршӯр, рақобатӣ, солим ва амн аст.
Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс, « Сайид Иброҳими Раисӣ » дар ҷаласаи рӯз ( чаҳоршанбе ) ҳайати давлат, бар нақши ҳайатҳои иҷроӣ ва назорат дар рақобати будан ва ҳамчунин мизони мушорикати мардум дар интихоботи пеши рӯ таъкид ва тасреҳ кард : Давлат ба дунболи интихоботи пуршӯр, риқобатӣ , солим ва амн аст ва дар мавзӯъи таъиди салоҳиятҳо низ муътақид аст асл бар салоҳият аст магар онки далели муътабаре бар адами салоҳияти фард вуҷӯд дошта бошад.
Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза ва ҳимояту мушорикати давлати Амрико дар қатли оми мардуми мазлӯми Фаластин, ҳаргунаи талоши Амрико барои дахолат дар тасмимгирӣ барои ояндаи Ғаззаро ба шиддат маҳкӯм ва тасреҳ кард: Ояндаи Ғазза ба дасти мардуми ин минтақа ва ба воситаи давлати қонӯни баромада аз орои мардуми он яъне Ҳамос рақам хоҳад хӯрд, ва ҳар иқдоми давлати Амрико дар ин робита маҳкӯм ба шикаст аст.
Муқовимати Фаластин, дар посух ба беш аз ҳафт даҳаи ишғолгарӣ ва таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ва дигар манотиқи сарзаминҳои ишғолӣ, ҳафтуми октябр амалиёти Тӯфони Алақсоро алайҳи ин режим оғоз кард.
Режими саҳюнистӣ мутобиқи маъмӯл бо қатли оми ғайринизомиён ва бомбаборони манотиқи маскунӣ ба амалиёти размандагони муқовимат посӯх дод. Ин режим дар ниҳоят, шикаст дар амалиёти худ барои озодсозӣ усарояшро пазируфт ва таслим муқовимат шуд.