Декабр 01, 2023 20:39 Asia/Dushanbe
  • Се эронӣ номзади беҳтаринҳои таеквандои ҷаҳон

Маросими муаррифии беҳтаринҳои таеквандои ҷаҳон дар соли 2023 дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки се намоянда аз Эрон низ дар байни номзадҳои бахшҳои мухталиф ҳузур доранд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, маросими муаррифии беҳтаринҳои ҷаҳони мавсум ба «Голо - 2023» шомгоҳи якшанбеи 3 декабр ва дар поёни марҳалаи ниҳоии рақобатҳои Грандпри дар Манчестер баргузор хоҳад шуд.

Дар ҷараёни ин маросим беҳтарин мураббӣ, довар ва таеквандокори мардону занон ва ҳамчунин беҳтарин текники иҷрошуда дар соли 2023 дар ҳар ду бахши таеквандо ва поротаеквандо аз сӯи федератсияи ҷаҳонӣ интихоб ва муаррифӣ хоҳанд шуд.

 

Барчасп