Бозгардондани ҳудӯди 134 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i109720-Бозгардондани_ҳудӯди_134_ҳазор_муҳоҷири_афғон_аз_Эрон_ба_Афғонистон
Вазорати муҳоҷирин ва авдаткунандагони ҳукумати Толибони Афғонистон эълом кард, дар як моҳи гузашта ҳудӯди 134 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 06, 2023 11:44 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани ҳудӯди 134 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон

Вазорати муҳоҷирин ва авдаткунандагони ҳукумати Толибони Афғонистон эълом кард, дар як моҳи гузашта ҳудӯди 134 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.

Абдурраҳон Рашид, муовини вазорати умӯри муҳоҷирони Толибон гуфт, ин муҳоҷирони афғон басӯрати довталабона аз Эрон ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.

Вай афзуд, аз Покистон ҳам аз аввали ноябр токунӯн ҳудӯди 244 ҳазор нафар ва аз Туркия 2263 ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.

Беш аз чаҳор даҳа ҷангу ишғолгарӣ дар Афғонистон, мӯҷиби муҳоҷирати миллионҳо шаҳрванди афғонистонӣ шудааст. Ба далели иштирокоти фарҳангӣ ва ҳамҷаворӣ, беш аз ниме аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрону Покистон зиндагӣ мекунанд.

Вазорати муҳоҷирини ҳукумати Толибони Афғонистон аз ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон аз Покистон мунтақид буда, ки ин мавзӯ ба таниш дар равобити дутараф мунҷар шудааст.