Декабр 07, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ вориди Маскав шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати ҳамтои руси худ ба Русия сафар кардааст, бо истиқболи муовини нахуствазир ва муовини вазири хориҷаи ин кишвар вориди Маскав шуд.

Ба гузориши  ИРНА, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия то соати дигар дар кохи Кремл мизбони Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.

سفر رئیسی به روسیه

 Ройзанӣ дар хусуси масоили дуҷониба аз ҷумла таомулоти иқтисодӣ ва низ гуфтугӯ дар хусуси мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба вежа мавзӯъи Фаластин ва таҳаввулоти Ғазза аслитарин дастури кори раиси ҷумҳури Эрон дар ин сафари якруза аст.

  Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вежа равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико иштироки манофеъи роҳбурди доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст.

 

Барчасп