Содироти гӯшти яхкардаи Қазоқистон ба Эрон
Тибқи тавофуқи мақомоти Эрон ва Қазоқистон дар ояндаи наздик содироти гӯшти гови яхкарда аз ин кишвар ба Эрон оғоз хоҳад шуд.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс дар Остона, Эрон ва Қазоқистон барои содироти гӯшти Қазоқистон дар бастабандии муносиб ба Эрон тавофуқ карданд. Пеш аз ин тавлидкунандагон танҳо метавонистанд гӯшти говро бо мондагории се рӯз ба Эрон арза кунанд.
Тафоҳумномаи содироти гӯшти яхкардаи Қазоқистон ба Эрон дар севуми декабри 2023 дар Теҳрон имзо шуд.
Дар ин тавофуқ тарафи Қазоқистон омодагӣ дорад пас аз бозрасии муштарак бо мушорикати бозрасони Иттиҳодияи Евразия, барои сабти ширкатҳои маҳсулоти ширии эронӣ дар руйхати кишварҳои дигари дорои ҳаққи воридоти маҳсулоти ширӣ ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ва Қазоқистон, бо созмони домпизишк(байтори)и Эрон ва ширкатҳои маҳсулоти ширии Эрон ҳамкорӣ кунад.