Ҳузури қориёни беш аз 100 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Теҳрон
(last modified Sun, 10 Dec 2023 05:35:39 GMT )
Декабр 10, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури қориёни беш аз 100 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Теҳрон
    Ҳузури қориёни беш аз 100 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Теҳрон

Раиси созмони авқоф ва умури хайрия аз ҳузури қориёни беш аз 100 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Теҳрон хабар дод.

Чиҳилушашумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим, ки аз 9 моҳи ҷорӣ  дар бахшҳои неамоти динӣ ва овоӣ бо ҳузури 356 ширкаткунанда дар шаҳри Буҷнурд оғоз шуда буд имруз шанбе бо муаррифии бартаринҳо дар муҷтамаъи иқоматии Дориюш ба кори худ поён дод.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом Сайид Меҳдии Хомушӣ раиси созмони авқоф ва умури хайрияи кишвар дар маросими ихтитомияи чиҳилушашумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръон Карим гуфт: Қориёни беши аз 100 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим ки баҳмани моҳи соли ҷорӣ 1402 дар Теҳрон баргузор мешавад ҳузур хоҳанд ёфт.

Хомушӣ афзуд: Қориёни бисёре аз кишварҳо аз ҷумлаи Миср, Арабистон, Афғонистон ва кишварҳои Африқоӣ барои ҳузур дар рақобатҳои байналмилалӣ ки дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд истиқбол кардаанд ки имсол ин давра аз мусобиқот бо равнақи хуби баргузор хоҳад шуд.

Раиси созмони авқоф ва умури хайрияи кишвар ҳамчунин гуфт: Рақобатҳои саросарии Қуръони Карими ҳарсола бо тавваҷуҳ ба имконот ва зери сохтҳо дар як устон баргузор хоҳад шуд ки чиҳилушашумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим дар устони Хуросони шимолӣ баргузор шуд.