Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ: Вақт вақти интиқом аст
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
Порс-Тудей. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баён кард: Вақт вақти интиқом аст ва ин интиқом ба ҳар тариқе ва бо ҳар абзоре гирифта хоҳад шуд.
Ба гузориши Порс-Тудей, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёме нисбат ба таҷовузи режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод. Матни паём ба шарҳи зайл аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Дасти хабиси бонди ҷинояткору террористи саҳюнӣ бори дигар ба хуни фармондеҳону муҷоҳидон дар Эрони азизтар аз ҷонамон оғушта шуд. Шаҳодати фармондеҳону донишмандони ғаюру шаҳодатталабу ҷамъе аз мардуми бегуноҳи кишварамонро ба миллати доғдори Эрон, хонаводаҳои муаззами шуҳадо ва Раҳбари муаззаму муқтадири инқилоби исломӣ табрику таслият мегӯям.
Режими табаҳкори саҳюнӣ бо ҳамла ба марокизи маскунӣ нишон дод, ки бузургтарин душмани башарият ва хабистарин душмани фард фарди миллати Эрон аст, аммо посухи дардноки размандагони Ислом ва муҷозоти сахту пушаймонкунанда дар интизори онҳо ва ҳомиёнашон аст. Вақт вақти интиқом аст ва ин интиқом ба ҳар тариқе ва бо ҳар абзоре гирифта хоҳад шуд. Онҳоро раҳо нахоҳем кард ва мушти муҳкаме бар фарқи онҳо хоҳем кӯбид. Ин моҷароро онҳо оғоз карданд, аммо мо ба поён хоҳем расонд, иншоаллоҳ.
Миллати шарифи Эрон фарзандони рашиду муъмини худ дар Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эронро мешиносанд. Шаҳодат орзӯи деринаи онҳост, ҷонфидои миллату мардони набард ҳастанд ва омодаанд то сарнавишти талхи душманро муҳаққақ кунанд, биизниллоҳ.