Беасаркардани таҳримҳо бо густариши равобити роҳбурдии Теҳрон ва Маскав
(last modified Sun, 10 Dec 2023 08:47:24 GMT )
Декабр 10, 2023 13:47 Asia/Dushanbe
  • Беасаркардани таҳримҳо бо густариши равобити роҳбурдии Теҳрон ва Маскав
    Беасаркардани таҳримҳо бо густариши равобити роҳбурдии Теҳрон ва Маскав

Раиси гуруҳи дустии порлумонии Эрон ва Русия таъкид кард: Таҳримҳо бо густариши равобити роҳбурдии Теҳрон ва Маскав беасар мешавад.

Ба даъвати Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони 7 декабри дар садри ҳайати олии рутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Маскав сафар кард.

Дидоругуфтугуи дуҷониба бо Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия, нишасти ҳайатҳои олирутба ва гуфтугу ва  табодули назар дар бора масоили муштарак ва мавриди алоқаи ду кишвар ба вижа дарбора масоили иқтисодӣ ва таҳаввулоти Ғазза меҳвари барномаҳои сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия буд.

Ба гузориши ИРНА, Иброҳими Ризоӣ  раиси гуруҳи дӯсти порлумонии Эрон ва Русия сафари Сайид Иброҳими Раисӣ раиси ҷумҳур ба Маскавро муҳим, асаргузор ва роҳгушо донисту гуфт: Густариши равобити Теҳрон ва Маскав ба унвони ду кишвари таҳти таҳрими золимонаи ғарб кумак мекунад аз зарфияти якдигар барои хунсосозӣ ва рафъи таҳримҳо истифода кунанд.

Ризои афзуд: Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари муҳимми ба ҳисоб меояд ва дар айниҳол Эрон ҳам аз аҳамияти хоси дар сиёсати хориҷии Русия бархурдор аст.

Раиси гуруҳи дусти порлумонии Эрон ва Русия ҳамчунин гуфт: Эрон аз солиёни гузашта дар ҳавзаҳои мухталифи амниятӣ ва мубориза бо тероризм дар минтақа ҳамкориҳои муваффақ ва муштаракӣ бо Русия дошта ва бо шуру ба кори давлати сездаҳум ҳам ин ҳамкориҳо дар ҳавзаи тиҷорат, ҳамлунақл, энержӣ ва масоили минтақаи ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият ва тадовум пайдо кардааст.