Ҳушдори Амирабдуллоҳиён дар бораи идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон зимни ҳушдор дар бораи идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза, гуфт: Агар ҳамлаҳо ба Ғазза фавран мутаваққиф нашавад ҳар он имкон дорад як инфиҷор дар минтақа рух диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Ҳусайни Амирабдуллоҳиён душанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ванг Йи-вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Чин дар хусуси муносиботи чандҷониба ва минтақаӣ бавежа таҳаввулоти ахири Фаластин гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Вай зимни иброз нохурсандӣ аз ветои қатъномаи нозир бар таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза тавассути Амрико, ба талошҳои созандаи Чин дар ҷиҳати эҷоди сулҳу субот дар минтақа ва зарурати ифои нақши фаъол дар таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза ишора кард.
Амирабдуллоҳиён изҳор дошт: Барои ҳамаи мо амнияти минтақа муҳим аст ва дар ин росто Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳои фаровоне бо кишварҳои минтақа сурат додааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард, доманаи ҷанг дар минтақа густариш ёфта ва агар ҳамалот ба Ғазза фавран мутаваққиф нашавад ҳар он имкон дорад як инфиҷор дар минтақа рух бидиҳад ва контрол аз дасти ҳама тарафҳо хориҷ шавад. Мутассифона тарафи амрикоӣ хатари густариши бештари доманаи ҷангро ба дурустӣ дарк намекунад. Ҳаёти Натанёҳу , муттаҳиди Кохи сафед, сирфа дар идомаи ҷанг ва наслкушӣ аст, вазъи минтақа ин гуна нахоҳад монд.
Вазири умури хориҷаи Чин низ зимни ибрози таассуф аз ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза изҳор дошт: Барқарории оташбас ва ирсоли фаврии кумакҳои инсондӯстона барои Чин дорои аҳамият аст.