Декабр 13, 2023 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли аҳкоми содира дар мавриди мунофиқин ба маҳокими қазоии хориҷӣ

Муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ирсоли аҳкоми содира дар мавриди аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин ба маҳокими қазоии хориҷӣ хабар дод.

Додгоҳи расидагӣ ба иттиҳомоти гурӯҳаки террористии мунофиқин рӯзи сешанбе дар шуъбаи ёздаҳуми додгоҳи кайфарии як устони Теҳрон баргузор шуд.

104 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин дар додгоҳи кайфарии як устони Теҳрон муҳокима хоҳанд шуд. Гурӯҳаки террористии мунофиқин масъӯли террори беш аз 17 ҳазор эронӣ аз ҷумла намояндагони маҷлис, мақомоти олирутбаи давлатӣ ва низомӣ, шаҳрвандони оддии бегуноҳ ва ҳамчунин атбои хориҷӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Деҳқонӣ, муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, пас аз расидагӣ ба парвандаи мунофиқину судӯри аҳкоми қазоӣ, он бахш аз аҳком, ки қобилияти иҷро аз тариқи маҳокими ҳуқуқӣ ва қазоии кишварҳои дигарро дошта бошад, аз тариқи маркази ҳуқуқи байналмилал ба маҳокими қазоии кишварҳои мавриди назар барои шиносоӣ ва иҷрои аҳком дар хусӯси мунофиқин ироа хоҳанд шуд.

Деҳқонӣ ҳамчунин бо баёни инки ирҷоъи ихтилофот ба Девони доварии байналмилалӣ мавзӯе аст, ки дар тавофуқномаи имзо шуда байни Эрону Баҳрайн матраҳ шудааст, тасреҳ кард, Эрон бар асоси ҳамин тавофуқ мавзӯи таҳмили зарар ба ширкатҳои бонкӣ ва бимаии кишвар аз сӯи Баҳрайнро дар Девони доварӣ матраҳ мекунад.

Вай афзуд, дар як маврид кишвари Баҳрайн зарари як миллиарду  700 миллиондолларӣ ба дороиҳои Бонки марказии Эрон ворид кардааст.