Декабр 14, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Адами таваққуфи ҷанги Ғазза ، шароити минтақаро аз кантрол хориҷ мекунад
    Амирабдуллоҳиён : Адами таваққуфи ҷанги Ғазза ، шароити минтақаро аз кантрол хориҷ мекунад

Вазири умӯри хориҷа Эрон гуфт : Амрико дарк кунад адами таваққуфи ҷанги Ғазза ، шароити минтақаро аз кантрол хориҷ мекунад .

«Ҳусайн Амирабдуллоҳиён» вазири умӯри хориҷаи Эрон барои ҳузур дар Дуюмин нишасти маҷмаъи ҷаҳонии паноҳандагон ба Женева сафар кардааст.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( Исно ) ; « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи иҷлоси маҷмаъи ҷаҳонии паноҳандагон дар Женева ، бо « Ретно Марсуди » вазири хориҷаи Индонезия дидор ва ройзанӣ кард.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар идома бо баёни инки мавзӯъи аввал дар Ғазза, поён додан ба ҳамалоти режим саҳюнистӣ аст. гуфт : Амрико ва  режими Исроил бо тавваҷуҳ ба нокомӣ дар таҳаққуқи ҳеҷ як аз аҳдофи эълом шудаи худ дар ҷанги алайҳи Ғазза ، бо тадовуми ҷанг ба дунболи такмили баррасиҳо ва  тарроҳиҳои худ барои Ғаззаи пас аз ҷанг ҳастанд .

Амирабдуллоҳиён таъкид кард Амрико бояд ба дурустӣ дарак кунад, ки адами таваққуфи ҷанги алайҳи Ғазза , метавонад шароитро  печидатар кардава  шароит дар минтақа аз кантрол хориҷ шавад.

Ретно Марсуди. вазири хориҷаи Индонезия низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз тадовуми машваратҳои муштарак дар хусӯси мавзӯъоти дуҷониба ва  минтақаӣ.шароит дар Ғаззаро сахту нигаронкунанда тавсиф кард ва бар лузӯми идомаи талошҳо ба манзури поён додан ба ҳамалоти алайҳи Ғазза ва  таваққуфи ҷанг таъкид кард .

Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва  Индонезия

Вазири хориҷаи Индонезия бо ишора ба натиҷаи райгирии рӯзи гузашта дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал, онро нишондиҳанда бузургтар шудани ҳимояти ҷаҳонӣ аз оташ бас донист .

Вазири умӯри хориҷаи Индонезия ҳамчунин масаълаи оташбасро муҳим ва  увлавияти аввал дар Ғазза донист ва гуфт : Лозим аст барои ин манзур талошҳо идома ёбад .

Барчасп