Декабр 14, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Маркази омӯзишҳои озоди забони русӣ дар Донишгоҳи аллома Таботабоӣ роҳандозӣ мешавад

Муовини пажӯҳишии Донишгоҳи аллома Таботабоии Эрон аз роҳандозии Маркази омӯзишҳои озоди забони русӣ дар ин донишгоҳ хабар дод.

 Муовини пажӯҳишии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ дар сарварии ҳайате бо ҳадафи пайгирии заминаҳои ҳамкориҳои муштарак бо чанд донишгоҳи Русия ба ин кишвар сафар кард ва бо раисон, мудирони омӯзишӣ ва муовинони байналмиллали донишгоҳҳои Русия дар бораи иҷроӣ шудани ҳамкориҳои муштараки омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ табодули назар кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Довуди Ҳусайнпур-муовини пажӯҳишии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ гуфт,ки дар сафари ахир ба Русия 3 тафоҳумномаи ҳамкории муштарак бо донишгоҳҳои "Пушкин", "Омӯзгорӣ" ва "МГМИО"-и Русия имзо шуд ва бар асоси ин тафоҳумномаҳо Маркази омӯзишҳои озоди забони русӣ дар Донишгоҳи аллома Таботабоӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар дидорҳои ҳайати Донишгоҳи аллома Таботабоӣ бо масъулони донишгоҳҳои Русия ба манзури баррасиҳои коршиносӣ ва дақиқ, ҷаласаҳое ба сурати онлайн бо ҳузури Темури Муҳаммадӣ, раиси донишкадаи иқтисод, Саиди Шукӯҳӣ, раиси муассисаи омӯзиши олии бимаи  ЭКО ва Маҷидризо Муъминӣ, муовини пажӯҳишии донишкадаи ҳуқуқ ва улуми сиёсӣ баргузор шуд.

 

 

 

 

Барчасп