Поёни сафари серӯзаи Амирабдуллоҳиён ба Женева
Ҳусайни Амирабдуллоҳён, вазири умури хориҷаи Эрон пас аз 3 рӯз ройзании фишурда бо мақомоти байналмилалӣ ва дидор бо бархе ҳамтоён ва ҳамчунин суханронӣ дар Маҷмаи ҷаҳонии паноҳандагон дар Женева бомдоди ҷумъа вориди фурудгоҳи Меҳробод шуд.
Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён асри рӯзи сешанбе дар замони вуруд ба Женеваи Швейтсария (мақари аврупоии СММ) дар нишасти «Вазъияти ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ» суханронӣ ва ҳамон шаб бо Набил Аммор, вазири хориҷаи Тунис ва Абдуллоҳ Буҳабиб, вазири хориҷаи Лубнон дидор кард.
Вай дар идомаи сафари худ ба Женева, рӯзи чаҳоршанбе қабл аз суханронӣ дар Маҷмаи ҷаҳонии паноҳандагон бо Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистон, Айман Алсафиди, ҳамтои урдунии худ ва ҳамчунин вазири хориҷаи Ҷопон дидору гуфтугӯ кард.
Дар идома кардинал Парулин, нахуствазири Ватикан,Ретно Марсуди, вазири хориҷаи Индонезия, Наҷиб Миқони, нахуствазири давлати пешбурди умури Лубнон ва Солим Абдуллоҳ Алҷобир Ассабоҳ, вазири хориҷаи Кувайт дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи масоили дуҷонибаву байналмилалӣ ройзанӣ карданд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар рӯзи поёнии сафараш (рӯзи панҷшанбе) дар дидори Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, Рибер Аҳмад Холид, вазири умури дохилии иқлими Курдистони Ироқ ва вазири хориҷаи Буркина-Фассо дар бораи мавзӯоти мавриди алоқа баҳсу гуфтугӯ кард.