Шаби Ялдо охирин шаби тирамоҳ ва тулонитарин шаби сол
(last modified Thu, 21 Dec 2023 10:54:26 GMT )
Декабр 21, 2023 15:54 Asia/Dushanbe
  • Шаби Ялдо охирин шаби тирамоҳ ва тулонитарин шаби сол

Ҷашни шаби Ялдо аз куҳантарин русуми эрониён аст, ки ба иллати коркардҳои инсондӯстонаи он то кунун побарҷо мондааст.

Дар Эрони куҳан, дар охирин шаби тирамоҳ, яъне нахустин шаби зимистон ва дарозтарин шаби сол, ҷашне барпо мешуд ба номи Ялдо. Ялдо яъне, вилодат. Вилодати хуршед( таваллуди офтоб) ё меҳр ва он рӯзе гиромӣ барои эрониёни бостон буд, ки то кунун низ идома дорад. Ялдоро ҳамчунин метавон ҷашну гирдиҳамоии хонаводагии таърихӣ донист; дар шаби Ялдо хешовандони наздик дар хонаи бузурги хонавода, гирд меоянд ва дар сармои оғозини зимистон, даври курсӣ менишинанд ва то нимашаб мева ва оҷил(донагӣ) ва ғизо мехӯранд ва ба фоли Ҳофиз гӯш медиҳанд. Ин шаб ба замони байни ғуруби офтоб аз 30 озар, охирин рӯзи тирамоҳ то тулӯъи офтоб дар аввали моҳи дай, нахустин рӯзи зимистон итлоқ мешавад. Ин шаб дар нимкураи шимолӣ бо инқилоби зимистонӣ мусодиф аст ва ба ҳамин далел аз он замон ба баъди тӯли рӯз бештару тӯли шаб, кӯтоҳтар мешавад. Эрониёни бостон бо ин бовар, ки фардои шаби Ялдо бо дамидани офтоб, рӯзҳо баландтар мешаванду тобиши нур афзӯнӣ меёбад, аз ин рӯ, даҳумин моҳи солро дай меномиданд, ки ба маънои додор ва офаринандааст.

Image Caption

Мардуми рӯзгорони дур, ки бунёни зиндагии онони кишоварзӣ буд ва дар тӯли сол бо сипарӣ шудани фаслҳо ба тазодҳои табиии хӯ гирифта буданд; бар асари таҷриба ва гузашти замон тавонистанд корҳо ва фаъолиятҳои худро бо гардиши замину тағйири фусӯлу баландӣ ва кӯтоҳии рӯзу шабу ҷиҳату ҳаракату қарори ситорагон танзим кунанд. Онон мушоҳида мекарданд дар бархе аз айёму фусӯл, рӯзҳо бисёр баланд мешавад ва дар натиҷа дар он рӯзҳо, аз равшанӣ ва нури офтоб бештар метавонистанд истифода кунанд; пас ин эътиқод падид омад, ки нуру равшаноӣ ва тобиши офтоб, намоди некӣ аст, ки бо торикӣ ва зулмати шаб дар набард ва кашмакаш аст.

Image Caption

Ҷашни шаби Ялдо ҷашне аст, ки аз ҳафт ҳазор соли пеш токунӯн дар миёни эрониён бо одобу русуми зебои худ баргузор мешавад. Суфраи шаби Ялдо, (мезад) ном дошту шомили оҷилу меваҳои тару хушк буд. Эрониён дар ин шаб, суфрае мегустаронанд, ки бешабоҳат ба суфраи ҳафтсини Наврӯз нест ва дар он оина мегузоранд. Хӯрокиҳои шаби Ялдо шомили анор, ҳиндивона(тарбуз), оҷилу анвоъ мева аст, ки ҳама самбули саломатӣ, фузӯнӣ ва хуррамӣ ҳастанд. Аз дигар маросими ин шаб, гумоназании оянда аст, ки аз рӯи пукӣ ё пурии гирдӯ пешбинӣ мешавад. Ҳиндивона намоди офтоб аст ва бар ин боваранд, ки агар миқдоре ҳиндивона дар шаб чилла бихӯранд; дар саросари чиллаи бузургу кучак, яъне тамоми айёми зимистоне, ки пеши рӯ доранд; сармо ва беморӣ бар онҳо ғалаба нахоҳад кард. Онон дар ин шаб аз Худованд, равшаноӣ ва баракат металабиданад то дар зимистони пеши рӯ ба хушӣ сар кунанд. Меваҳои тоза ва хушк ҳам дар суфра тамсиле аз он мебошад, ки баҳору тобистоне пурбаракат дошта бошанду ҳамаи шабро дар партави чароғ ва нур мегузаронаданд то торикӣ, фурсати дежхуӣ ва табоҳӣ наёбад.

Ин ҷашн, ки яке аз куҳантарин ҷашнҳои Эронзамин аст, шаби чилла низ гуфта мешавад. Вожаи чилла баргирифта аз чиҳил, мухаффаф (чиҳила) ва нишондиҳандаи гузашти як даври замонии муайян ва на илзоман чиҳил рӯз аст. Чиллаи зимистон ҳамон чиллаи бузург аст ва гоҳ киноя аз сармои сахт мебошад. Чилла, ду мавқеъияти гоҳ шуморона дар тӯли як соли хуршедӣ, яке дар оғози тобистон (тирмоҳ) ва дигаре дар оғози зимистон (даймоҳ) аст, ки ҳар як муташаккил аз ду бахши бузург (чиҳил рӯз) ва кучак (бист рӯз)аст. Чиллаи бузурги зимистон, аз оғози зимистон, ки баробар аст бо оғози даймоҳ шурӯ мешаваду муддати он чиҳил рӯз аст ва чиллаи кучаки зимистон аз шаби даҳуми баҳманмоҳ то поёни баҳманмоҳ, ки муддати он бист рӯз аст. Вожаи чилла бо калимаи зоишу вилодат дар иртибот аст. Дар воқеъ дар шаби чилла низ интизори зоиши офтоб ба поён мерасаду такомул сӯрат мегирад.

Image Caption

Дар Эрони бостон, рӯзи пас аз шаби Ялдо, яъне якум даймоҳро (хуррӯз), яъне рӯзи офтоби ва дайгон мехонданд. Аз онҷое, ки шодӣ ва ҷашн аз шохисаҳои барҷастаи фарҳанги эронӣ аст, эрониён дар ин рӯз, сароҳо ва манозилу маҳаллотро бо равшаноӣ ва нур меоростанд. Онон бо бедор мондан дар шаби Ялдо, тулӯъи офтобу сипедадамро интизор мекашиданд то худ, шоҳиди таваллуди офтоб дар бомдод бошанд, зеро бар ин бовар буданд, ки ҳамеша умеде вуҷӯд дорад, ки пас аз ҳар торикӣ,офтоб тулӯъ хоҳад кард.

Далели тафаъул(фол гирифтан) ба Ҳофиз ва шоҳномахонӣ дар шаби Ялдоро даври ҳам гирд омадани афрод медонанд, ки маъмӯлан дар манзили бузургтарҳои хонавода сӯрат мегирад. Албатта тафаъул ба Ҳофиз ба ин далел аст, ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз шеърҳои ин шоири бузурги ғазалсарои эронӣ баргирифта аз Қуръону китобҳои мазҳабӣ буда ва эрониён бо пайравӣ ба оёти Қуръон барои худ оқибат ба хайрӣ талаб мекунанд. Бозгӯии хотироту қиссагӯии падарбузургҳо ва модарбузургҳо низ яке аз мавориде аст, ки ҷашни Ялдоро барои хонаводаҳои эронӣ дилпазир мекунад, аммо ҳамаи инҳо баҳонае аст то хонаводаҳо гирди якдигар оянду баландтарин шаби солро бо шодӣ ва хурсандӣ ба субҳ бирасонанд.

Image Caption

Ҷашни шаби Ялдо як ҷашни куҳан, аммо комилан зиндаи имрӯзи эрониён аст, ки ҳарсола барпо мешавад. Далели мондагории ҷашни шаби Ялдо дар ин будааст, ки дорои паёмҳои бисёр зебои меҳрбонӣ, шодӣ, даври ҳам гирд омадану силаи арҳом аст. Эрониён Ялдоро фурсате барои бӯса задан бар дастони падарон ва модарон медонанд, ки бо лабханди ширинашон орзӯманди баҳоре сарсабз барояшон бошад. Аз коркардҳои дигари шаби Ялдо, додани умед ба якдигар аст то шароити сахти зимистониро ба тандурустӣ бар мабнои хешовандӣ ва пуштгармӣ ва пуштибонӣ аз якдигар сипарӣ кунанд. Аҳамияту ҷойгоҳи ин ойин дар миёни эрониён сабаб шуд, ки Созмони мироси фарҳангӣ дар соли 1387 ҳиҷрии хуршедӣ, маросими шаби Ялдоро ба унвони яке аз ойинҳои миллии Эрон дар тақвими ин марзу бум ба сабт бирасонанд.

Эй ки ҳар сол Ялдоро дидаӣ ва ҳар зимистонро бо чашму ҷон ламс кардаӣ ва ба поёни бурдаӣ дар ин шаби тӯлонӣ аз Худоят бихоҳ, ки Ялдои шукргузориат то абад барқарор бимонад.

Шаби Ялдотон хуш бод!