Январ 02, 2017 13:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Роҳи тавсеаи минтақа ҳифзи субот ва амният аст

Раисҷумҳури исломии Эрон якшанбе шаб дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ, зимни ироаи гузорише аз муҳимтарин мавзуъҳои рӯзи Эрон ва иқдомоти давлат дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, дар бораи муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ бо мардуми Эрон сухан гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телевизионӣ бо ишора ба осори сиёсӣ ва иқтисодии барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар як соли гузашта гуфт: Дар ин муддат ҳаракатҳои хубе дар Эрон дар заминаи тавсеаи санъати нафту газ ва сармоягузорӣ дар ин бахшҳо иҷро шуд, ки ҳама ношӣ аз осори тавофуқи ҳастаист.

Рӯҳонӣ хотирнишон кард, имрӯз фаъолияти ҳастаии Эрон, ки то пеш аз ин иқдоме хилофи қонун талаққӣ мешуд, ба воситаи БАРҶОМ ба фаъолияте қонунӣ табдил шудааст ва ҳатто кишварҳои мухталиф Эронро дар ин бахш кумак мекунанд.

Вай афзуд: Иллати асабонияти режими Исроил аз тавофуқи ҳастаӣ низ ин аст, ки Эрон аз феҳристи таҳдиди ҷаҳонӣ хориҷ шудааст.

Раисҷумҳури исломии Эрон, яке аз осори БАРҶОМ-ро ба шикаст кашондани тарҳи эронҳаросии ғарбиҳо донист ва гуфт: Имрӯз дунё бар ин бовар аст, ки Эрон нақше созанда дар минтақа дорад ва ин асарро метавон дар қатъномаи ахири Шӯрои амният дар бораи Сурия ва таъкиди онҳо бар нақши созандаи Эрон дар мубориза бо терроризм дид.

Рӯҳонӣ гуфт, нахустин ҳадафе, ки Эрон дар минтақа дунбол мекунад, субот ва амният аст ва агар кишварҳои минтақа бихоҳанд, тавсеа дошта бошанд, роҳе ҷуз суботу амният вуҷуд надорад.

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки терроризм хатаре бузург барои кулли минтақа ва ҷаҳон аст, дуввумин ҳадафи Эронро дар минтақа мубориза бо терроризм донист ва таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон дар мубориза бо терроризм ба ҳар кишваре, ки хоҳони кумак бошад, аз ҷумла Ироқ ва Сурия кумак хоҳад кард.

Рӯҳонӣ ҳамчунин тағйир накардани марзҳои ҷуғрофиёии минтақаро яке дигар аз ҳадафҳои ҷумҳурии исломии Эрон донисту гуфт: Иддае мехостанд, Сурия, Ироқ ё Яманро тақсим кунанд, аммо Эрон асосан бо тағйири марзҳои ҷуғрофиёӣ мухолиф аст ва барои ҳалли масоил низ бар истодагӣ, муқовимат ва дипломатия таъкид дорад.

Рӯҳонӣ ба равобити сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар ҳалли буҳрони Сурия низ ишора карду гуфт: Маскав, Теҳрон ва Анкара тавонистанд қадамҳои хубе дар ин замина бардоранд ва умедворем, дар иҷлоси Остонаи Қазоқистон шоҳиди муваффақият дар заминаи дипломатия дар минтақа бошем.

Раисҷумҳури исломии Эрон ба ҳамлаи террористии Истанбули Туркия дар оғози соли нав ишора карду гуфт: Куштори як идда инсони бедифоъ аз ҳар назар маҳкум аст ва нишон медиҳад, терроризм ба ҳечкас раҳм нахоҳад кард ва дар сурати муқобила накардан бо он, ин вирус ҳамаро мубтало мекунад.

 

Барчасп