Декабр 29, 2023 21:55 Asia/Dushanbe

Мудири воҳиди мусиқии Садо ва Симои Хуросони Разавӣ гуфт, “Маънои борон” номи таронае аст, ки бо иҷрои муштараки Муртазо Гударзӣ ва Ғоибҷон Ашӯров тавлид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз гуруҳи мусиқии Маркази Хуросони Разавӣ, Саиди Дамирчилу афзуд: Таронаи “Маънои борон” бо иҷрои ду ҳунарманди эрониву тоҷикистонӣ дар воҳиди мусиқии Садо ва Симои Маркази Хуросони Разавӣ тавлид шудааст.

Вай афзуд, шоири ин асари фохир Меҳрдод Аҳмадии Шайхонӣ, оҳангсоз Ғоибҷон Ашӯров ва танзимкунандаи ин асари фохир Муртазо Гударзӣ мебошад.

Хонандгони ин тарона низ Муртазо Гударзӣ ва Ғоибҷон Ашӯров мебошанд.

 

Матни тарона:

Биё маънои борон шав ту бар мо,

Калиди қуфли зиндон шав ту бар мо.

Агарчӣ боди пойизӣ баромад,

Насими навбаҳорон шав ту бар мо.

Маро бе ту набошад ёди ёре,

Ҳадиси васли ёрон шав ту бар мо.

Ба дашти Найнаво лабташнагонем,

Фуроте дар биёбон шав ту бар мо.

Таманно дорамат эй ҷони ширин,

Ки поёнбахши ҳиҷрон шав ту бар мо.

 

Барчасп