Раисиҷумҳур: Ҷинояткорони саҳюнист товони террори шаҳид Мӯсавиро хоҳанд дод
(last modified Sun, 31 Dec 2023 13:36:04 GMT )
Декабр 31, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳур: Ҷинояткорони саҳюнист товони террори шаҳид Мӯсавиро хоҳанд дод

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо хонаводаи шаҳид Саидразӣ Мӯсавӣ таъкид кард, ҷинояткорони саҳюнист товони террори ин шаҳидро хоҳанд дод.

Сардор Саидразӣ Мӯсавӣ, аз мусташорони нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки дар ҳавзаи пуштибонӣ аз меҳвари муқовимат дар Сурия фаъолият дошт дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи душанбе (25 декабр) режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ба дараҷаи рафиъи шаҳодат ноил омад.

Сардор Мӯсавӣ, аз мусташорони қадимии нерӯи Қудси сипоҳ дар Сурия ва ёру ҳамроҳи сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ буд.

Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, шанбешаб бо ҳузур дар манзили шаҳид Саидразӣ Мӯсавӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи ин шаҳид гуфт, қатъан ин ҷиноят бепосух нахоҳад монад ва ҷинояткорони саҳюнист товони ин ҷиноятро хоҳанд дод.

Раисӣ дар дидор бо хонаводаи сардори шаҳид Мӯсавӣ, исору фидокории шуҳадоро санги зербинои амнияту иқтидори кишвару раҳоварди муҷоҳидату шаҳодаташон барои миллатро шарофату иззат унвон кард.

Вай афзуд, қатъани хадамоту муҷоҳидатҳои ин сардори бузург дар роҳи пуштибонӣ ва тавонмандсозии ҷабҳаи муқовимати исломӣ номи ӯро дар канори ёрону ҳамразмонаш дар таърихи пурифтихори ин кишвар то ҳамеша мондагор хоҳад кард.

Раисӣ дар идома иқдоми хабисона ва буздилонаи режими ғосибу ҷинояткори саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани сардори шаҳид Мӯсавиро ношӣ аз аҷзу сархӯрдагии ин режим дар баробари ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар минтақа донист ва таъкид кард, қатъан ин ҷиноят бепосух нахоҳад монад ва ҷинояткорони саҳюнист товони ин ҷиноятро хоҳанд дод.