Январ 01, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳӯрии Эрон ба муносибати оғози Соли нави милодӣ
    Табрики раиси Ҷумҳӯрии Эрон ба муносибати оғози Соли нави милодӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае оғози Соли нави милодиро ба сарону мардуми кишварҳои масеҳӣ табрик гуфт ва соли саршор аз оромишу саломатӣ барои умуми мардуми ҷаҳон аз Худованди мутаъол масъалат  кард .

Ислом ва  масеҳият ба унвони ду дайни осмонии паёмиовари ишқ,  ҳамзистӣ ، сулҳ ва муҳаббат ҳастанд ; аз ин рӯ аст, ки ҷомеъаи мусулмонон ва  Масеҳиён нисбат ба рафъи зулму ситам ва  рўё рӯи бо истикбору истеъмори ҷаҳонӣ бар асоси таъолими динӣ эҳсоси таклиф карда ва дар арсаи мубориза бо зургӯён дар канори ҳам будаанд .

Ба гузориши хабаргузории Ирно ، Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ، дар ин паёмҳо тасреҳ кард : Имрӯз яке аз муҳимтарин буҳронҳое, ки гиребонгири ҷомеъаи башарӣ шуда ، куштори мардум бегуноҳ дар Борикаи Ғазза тавассути режими ишғолгари саҳюнистӣ аст .

Сайид Иброҳими Раисӣ  раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон

 

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард : Умедворам дар остонаи соли 2024 милодӣ ва дар партави масоъили муштараки раҳбарони ҷаҳон, шоҳиди иқдоми фаврӣ аз сӯйи маҷомеъи байналмилалӣ дар ҷиҳати таваққуфи ин кушторҳои зидди башарият ، решакан шудани зулму султа талабӣ ва  барқарории сулҳу амнияти пойдор дар саросари ҷаҳон бошем .

Душанбеи аввали январи 2024, оғози Соли нав милодӣ аст .

Ҳазрати Исои Масеҳ ( а ) аз паёмбарони бузурги иллоҳӣ аст ки дар Қуръони Карим мавриди такрими бисёр қарор гирифтааст.

Қуръони Карим дар оёти мутаъаддид ба муаррифии Масеҳ ( а ) ва  ҷойгоҳи эшон ба унвони яке аз паёмбарони улулазм ( соҳиби китобу шариъат ) мепардозад .