Январ 02, 2024 15:22 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти тенниси рӯйи мизи ҷаҳон дар тасхири Бинёмини Фараҷӣ

Узви тими навҷавонони тенниси рӯйи мизи Эрон дар рутбаи нахусти ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон, Бинёмини Фараҷӣ дар нахустин радабандии мунташиршудаи соли ҷадиди мелодӣ 2024 , болотар аз намояндагон Чин, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ рутбаи нахусти ҷаҳон дар радаи синнии зери 15 солро аз они худ кард.

 Фараҷӣ бо касби 3220 имтиёз муқтадирона рутбаи аввали дунёро дар ихтиёр дорад.

Бинёмини Фараҷӣ як соли дигар фурсати ҳузур дар радаи синнии зери 15 солро дорад ва метавонад дар рутбаи як дунё боқӣ бимонад.

 

 

Барчасп