Январ 02, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Қатъи гази Туркманистон ба Эрон мавзӯи фаннӣ ва молӣ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ихтилофоти Эрон ва Туркманистон дар бораи мавзуи содироти газ ҷанбаи сиёсӣ надорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва Симо, Баҳроми Қосимӣ дар нишасти ҳафтагии худ бо хабарнигорон бо ишора ба иқдоми Туркманистон дар қатъи содироти газ ба Эрон афзуд, баҳси ҳамкориҳои Эрон ва Туркманистон дар ҳавзаи газ, мавзӯи ҷадиде нест ва аз солҳои гузашта ду кишвар дар ин бора ройзаниҳо доштаанд.

Қосимӣ  таъкид кард, ин мавзуро сиёсӣ намебинем, балки баҳси фаннӣ ва молӣ байни “Туркман-газ” ва Ширкати гази Эрон аст.

Вай афзуд, мизони гази дарёфтии мо аз Туркманистон зиёд нест ва ҳаддиаксар ду то се дарсади тавлиди дохилии газ буда ва бо миқдоре сарфаҷӯӣ қобили ҷуброн аст.

Ширкати миллии гази Эрон имрӯз эълом кард, давлати Туркманистон, ки ҳар аз гоҳе, рафторҳои муғойир бо усули қарордод ва ҳусни ҳамҷворӣ дорад, ҷараёни гази ирсолӣ ба ин кишварро қатъ кардааст.

Ширкати миллии гази Эрон дар баёнияе тасреҳ кард, ширкати “Туркман газ” ба таври ногаҳонӣ ва дар иқдоми муғойир бо чорчӯби қарордод, бори дигар бо оғози фасли сармо бо ин иддао, ки бояд маблағи мавриди ихтилоф бо Эронро ба суръат дарёфт кунад, гази ирсолӣ ба Эронро қатъ кардааст.

Ширкати миллии гази Эрон дар айни ҳол таъкид кардааст, ки бо вуҷуди қатъи гази содиротӣ аз Туркманистон, ҳеҷ нигаронӣ дар мавриди камбуди газ дар манотиқи шимолии Эрон вуҷуд надорад.

Иқдоми ғайримантиқии Туркманистон дар қатъи ҷараёни газ ба Эрон дар шароите аст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон рӯзи ҷумъа, тафоҳумномаи ҷадиди газӣ бо Эронро имзо кард, ки бар асоси он, содироти гази он кишвар ба Эрон идома меёфт.

Бар асоси қарордоде, ки аз 20 сол пеш миёни Ширкати миллии гази Эрон ва ширкати “Туркман газ” имзо шудааст, бахши кӯчаке аз гази масрафии манотиқи шимоли Эрон бо воридот аз Туркманистон таъмин мешавад.

 

Барчасп