Январ 07, 2024 13:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурияти талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобилаи муассир бо терроризм
    Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурияти талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобилаи муассир бо терроризм

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо Кэтрин Колонна ҳамтои фаронсавии худ бар зарурияти талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобилаи муассир бо терроризм таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугу зимни мавриди таваҷуҳ қарор додани давлати Фаронса дар маҳкумияти ҳамлаи террористии ахир дар Кирмон, ки мунҷар ба шаҳодати ҷамъи аз мардум шуд зарурати талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобилаи муассир ва амали бо шаклҳои мухталиф терроризмро мавриди таъкид қарор дод.

Вай бо ишора ба таҳарукоти Фаронса дар мавзуъи Фаластин тавақуфи ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ ва наслкушиҳои дар ҳоли анҷом дар Ғазза лузуми иқдомоти амали барои таваққуфи кутори ғайринизомиён, осонии ирсоли кумакҳои башардустона, монеъ шудан аз кучи иҷбори ва вогузории ояндаи Фаластин дар як равиши демократи ба худи фаластиниҳоро гоми муассир дар поёни хушунатҳо дар минтақа донист.

Амирабдуллоҳиён афзуд: Танҳо роҳи барои пешгири аз густариши даргириҳо дар минтақа ва истиқрори сулҳи пойдор дар он лузуми таваҷҷуҳи масъулона ба решаи чолишҳо ва низ азми ҷидди барои кумак ба ҳали онҳо мебошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба қатлиоми 22 ҳазор ғайринизомӣ ва занон ва кудакон дар Ғазза, Амрико ва режими кудаккуши Исроилро омили наслкушии ахир дар Ғазза номид ва гуфт: Наметавон бедуни нигоҳ ба ишғолгари ва бо бозгузоштани дасти режими Исроил решаҳои бесуботсозии минтақаро нодида гирифт ва дар айниҳол нигарони амнияти дарёи сурх ва минтақа буд.

Барчасп