Эъломи поёни таърихи таҳримҳои шурои амнияти зидди Эрон
Вазири умури иқтисодӣ ва дорои Эрон бо эъломи поёни таърихи таҳримҳои молии Эрон ки дар қатъномаи 2231 омада аст хостори бардоштани номи Эрон аз зайли банди ҳафти ин қатънома шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо бар асоси ин қатънома фақат дар сурати эҳрози яке аз ду шарти: якум то 8 сол пас аз тасвиби барҷом "JCPOA" ва дувум дар сурати эъломи ожонси байналмилалии энержии атомӣ "IAEA" мабни бар пойбанд набудани Эрон ба манъи ишоъаи силоҳи куштори ҷамъӣ ин банд қобил иҷро аст.
Бар асоси ин гузориш вазири умури иқтисодӣ ва дорои Эрон дар номае эътироз ба гуруҳи вижаи иқдоми молӣ "FATF" хостори он шуд то номи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз зайли тавсияи 7 ва дигар асноди муртабити ин ниҳод бо қатъномаи 2231 шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бардошта шавад.
Дар гузориши омада тавсияи 7 гуруҳи вижаи иқдоми молӣ "FATF" дар хусуси таҳримҳои ҳадафманди муртабит бо ишоъаи силоҳҳои куштор ҷамъӣ аст ки аз кишварҳо мехоҳад дар ростои қатъномаҳои шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳиди иқдомоти баён шуда аз қабили тавқифи вуҷуҳ ва дороиҳои ашхоси таъйиншударо бидуни тахир эъмол кунад.
Қатъномаи 2231 шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2015 дар ростои иҷрои барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак "Барҷом" ба иҷрои қатъномаҳои қаблии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси Эрон 1373, 1747, 1803 ва 1929 поён дод вале иқдомоти маҳдудкунанда аз қабили эъмоли таҳримҳои молии ҳадафмандро эҷод кард.
Бар ин асос бо дар назар гирифтани таърихи тасвиби барҷом дар 18 октябри соли 2015 банди якум дар мавриди Ҷумҳурии Исломии Эрон сидқ мекунад.
Ҳамчунин номаи дар ин хусус аз дабирхонаи Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 19 октябр ба Ҷумҳурии Исломии Эрони ирсол шуда аст.