Ноибқаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои байналмилалии куштии озоди Хорватия
Тими миллии куштии Эрон бо касби се медали тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ ноибқаҳрамони рақобатҳои байналмилалии куштии озоди Загреби Хорватия шуд.
Тими миллии куштии Эрон дирӯз - панҷшанбе дар рақобатҳои байналмилалии куштии озоди Загреби Хорватия ноибқаҳрамон шуд.
Дар поёни ин мусобиқот тими куштии озоди Эрон тавассути Муҳаммади Нахудӣ дар вазни 79 килограм, Амиралии Озарпиро дар вазни 97 килограм, Амирҳусайни Зореъ дар вазни 125 килограм ба медали тилло расид.
Раҳмони Амӯзод дар вазни 65 килограм, Ҳусайни Абузарӣ дар вазни 74 килограм, Амирризо Маъсумӣ дар вазни 125 килограм ба медали нуқра расиданд ва Аббоси Иброҳимзода дар вазни 65 килограм ва Комрони Қосимпур дар вазни 97 килограм ба медали биринҷӣ даст ёфтанд.
Тими Эрон, ки дар 6 вазни ин мусобиқот ширкат карда буд, бо 115 имтиёз ноибқаҳрамон шуд.
Амрико, ки дар ҳар 10 вазн намоянда дошт, бо 159 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид ва Гурҷистон бо 110 имтиёз сеюм шуд.