Январ 13, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи нафткаши амрикоӣ тавассути неруи дарёии Артиши Эрон

Равобити умумии неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тавқифи як нафткаши амрикоӣ бо ҳукми қазоӣ дар обҳои дарё(баҳр)и Уммон хабар дод.

Ба гузориши ИСНА,ба думболи тахаллуфи киштии "Суис роҷон" дар моҳи май ва сирқат(дузди)и нафти Эрон тавассути Амрико, нафткаши ёдшуда бо номи нави Николас st субҳи рӯзи панҷшанбе дар обҳои дарёи Уммон тавқиф шуд.

 Нафткаши мутахаллифи Суис роҷон дар соли ҷорӣ маҳмулаи нафти мутааллиқ ба Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ҳидояти Амрика сирқат ва ба бандарҳои он кишвар мунтақил карда ва дар ихтиёри Амрико қарор дода буд.

 Ин нафткаш бо тағйири ном ба Николас st дар ҳоли ҳамли нафт дар дарёи Уммон буд, ки бо ҳукми қазоӣ ва тасдиқи Созмони бандарҳо ва киштиронӣ тавассути неруи дарёии роҳбурдии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тавқиф шуд ва дар ҳоли интиқол ба бандарҳои Ҷумҳурии исломӣ барои супурдан ба мақомоти қазоӣ аст.

 Пеш аз ин шабакаи Скай ниюси арабӣ ба нақл аз Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Британиё гузориш дод: Гузориш дар бораи як ҳодиса дар 50 майлии дарёи Уммон дарёфт кардааст.

 Бино бар эъломи ин созмон мақомоти Масқат дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин ҳодисаи амниятӣ дар шарқи соҳилҳои Уммон ҳастанд.

 Созмони тиҷорати дарёии Британиё ҳамчунин эълом кард, ки гузоришҳои мабни бар вуруди чанд фарди мусаллаҳ ба як киштӣ дар наздикии Уммон дарёфт кардааст.

 Ин созмон эълом кард, ки қодир ба тамос бо ин киштӣ, ки мавриди ҳамла қарор гирифта нест.

 

Барчасп