Амирабдуллоҳиён: Амрико ҳимоят аз Тел-Авивро мутаваққиф кунад
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Кохи Сафед ба ҷойи ҳамлаи низомӣ ба Яман, бояд ҳимоят аз режими саҳюнистиро фавран мутаваққиф кунад, то амният ба саросари минтақа бозгардад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи ҷумъа дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт: Иқдоми Яман дар ҳимоят аз занон ва кӯдакони Ғазза ва муқобила бо наслкушии режими Исроиил қобили таҳсин аст.
Вазири хориҷаи Эрон дар идома навишт: Санъо ба амнияти дарёӣ ва киштиронӣ комилан пойбанд аст.
Изҳороти Амирабдуллоҳиён дар ҳоле аст, ки фармондеҳи неруи ҳавоии Артиши Амрико дар баёниае эълом кард, ки бар асоси дастури Ситоди фармондеҳии Артиш бомдоди ҷумъа ба вақт маҳаллӣ неруи ҳавоӣ бо партоби 100 мушаки ҳидоятшавнда ба беш аз 60 ҳадаф дар 16 мақари неруҳои Артиши миллии Яман ҳамла кард , ки бар асари он панҷ нафар кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд.
Артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии режими саҳюнистӣ ё киштиҳои ҳомили коло барои ин режимро, ки озими сарзаминҳои ишғолӣ дар баҳри Сурх, уқёнуси Ҳинд ва тангаи Бобулмандаб буданд, ҳадаф қарор додааст.
Неруҳои Артиши Яман уҳдадор шудаанд то замоне, ки режими Исроил ҳамлаҳои худ ба навори Ғазза ва куштори мардуми ин минтақаро мутаваққиф накунад, ҳамлаҳо ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои роҳии сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳад дод.