Январ 13, 2024 12:20 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори чаҳордаҳумин Намоишгоҳи байналмиллалии меъмории Эрон

Чаҳордаҳумин Намоишгоҳи байналмиллалии меъморӣ, декоратсияи дохилӣ ва хонаи модерн(замонавӣ) бо ҳузури беш аз 300 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар маҳалли доимии Намоишгоҳҳои байналмиллалии Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулкарим Ҷалолӣ-раиси Ситоди баргузории ин намоишгоҳ гуфт: Дар намоишгоҳ илова бар ширкатҳои дохилӣ, ширкатҳое аз 8 кишвари хориҷӣ шомили Чин, Италия, Русия, Белгия, Олмон, Англия, Нидерландия ва Кореяи ҷанубӣ ҳузур доранд ва навтарин саноъат, таҷҳизот, тавлидот ва хадамоти худро ироа медиҳанд.

 Ҷалолӣ афзуд илова бар ширкатҳои хусусӣ, бархе созмонҳо ва дастгоҳҳои давлатӣ, тавонмандиҳои худ дар ҳавзаҳои мухталифи тарроҳӣ ва мушовираи меъморӣ ва декоратсияи дохилӣ ва ҳамчунин охирин дастовардҳо ва тавлидоти ҳавзаҳои нанофановарӣ ва биофановариро ироа карданд.

 Вай тасреҳ кард: Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин навъҳои гуногуни хонаи пешсохта, нурпардозӣ ва ҳушмандсозӣ, фановариҳои навини таъсисот, мебел ва таҷҳизоти марбут ба фазои боз, таҷҳизоти декоратсияи дохилӣ, навъҳои гуногуни парда, коғази деворӣ, пӯшишҳои тазйинӣ, мебели варзишӣ ва тафреҳӣ ва лавозими электроникӣ ба маърази намоиш гузошта шуд.

 

Барчасп