Январ 13, 2024 14:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар масири равнақи тавлид ва рушд бо иҷрои тавофуқномаи тиҷорати озод бо АвруОсиё

Сухангӯи Комиссияи тавсеаи тиҷорати Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт: Бо имзои тавофуқномаи тиҷорати озод байни Эрон ва АвруОсиё , дастёбӣ ба тиҷорати 10 миллиарддолларии Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо рафъи монеъаҳои тиҷорӣ ва нақлиетӣ имконпазир мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рӯҳуллоҳ Латифӣ бо баёни инки Эрон ба далели таҳримҳо ва монеътарошии Амрико тавонист узви Созмони тавсеаи ҷаҳонӣ шавад ва аз имтиёзҳои ин созмон баҳра бигирад, аз ин рӯ бояд узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз манофеъи иқтисодии минтақа баҳраманд мешавад.

 Сухангӯи Комиссияи тавсеаи тиҷорати Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо ишора ба рафъи мушкили транзит гуфт, Эрон метавонад аз масири транзитии Туркманистон барои судури коло ба кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия баҳра бигирад, ки ин мавзӯъ дар тавсеаи равобити тиҷорӣ бо кишварҳои узви минтақа муассир аст.

 Латифӣ бо ишора ба бозори беш аз 180 миллионнафарии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасреҳ кард: Барои афзоиши равобити тиҷорӣ бо кишварҳои узви ин иттиҳодия бояд ҳалқаҳои муртабит ба заминаҳои тавлид, тиҷорат ва логистика бояд дар ҳам пайвастагӣ дошта бошад.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон 25 декабри 2023 дар Санкт-Петербурги Русия мувофиқатномаи тиҷорати озоди мавсум ба АвруОсиё имзо карданд.

 

Барчасп